Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ба марзбонони тоҷик кумаки нав расонд



Саидмуҳиддини Оймуҳаммад



Ҳукумати Ийолоти Муттаҳидаи Амрико ба Кумитаи марзбонии Тоҷикистон ба маблағи ним милён доллар кумак ироа намуд. Ин кумак либоси махсуси аскарӣ барои 2 500 марзбони тоҷик ва баъзе аз васоили фаннии заруриро барои тавсиаи имконоти нируҳои марзбонӣ дар бар мегирад.

Раиси идораи равобити байналмилалии Кумитаи марзбонии Тоҷикистон Эркин Тоҷибоев дар мавриди ҳамкориҳои ИМА бо марзбонони Тоҷикистон чунин гуфт: "Департаменти корҳои хориҷии Ийолоти Муттаиҳида барои кумитаи ҳифзи сарҳадоти назди ҳукумати Тоҷикистон кумаки назаррасе дода шуд. Барои кормандони мо ҳудуди 2 500 либоси низомӣ супрда шуд. Ин барнома ҳоло идома хоҳад кард."

Масъулони сафорати ИМА, ки коло ва васоили фаннии мазкурро дар ихтиёри кумитаи марзбонӣ гузоштаанд, мегуянд, илова бар либоси аскарӣ ба марзбонон 8 адад дастгоҳҳои мухобиротии радиоӣ, таҷҳизот барои нуқтаҳои убуру мурури марз ва соъири таҷҳизоти мавриди зарурии марзбонон таҳвил гардидааст.

Ба гуфтаи масъулони сафорати ИМА дар Тоҷикистон, ин кумакҳо ба марзбонон дар чаҳорчуби барномае таҳти унвони "Судури назорат барои амнияти марзҳо" сурат мегирад, ки онро Департаменти давлатии ИМА сармоягузорӣ мекунад. ИМА дар чавкоти ин барнома аз соли 2002 бад-ин су ба нируҳои марзбонии Тоҷикистон ба маблағи 1 милё0ун 700 ҳазор доллар кумакҳои фаннӣ анҷом додааст.

XS
SM
MD
LG