Мирзои Салимпур
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо судури як фармон соли 2004-умро соли ҳунарҳои замонавии эстрадӣ эълон кард. Дар чаҳорчуби иҷрои ин фармон, дар соли оянда баргузории як озмун ва фестивали дар гузашта бесобиқаи овозхонҳои эстрадаи тоҷик пешбинӣ шудааст.
Рушди ҳунарҳои замонавии эстрадӣ ва ҷустуҷуи истеъдодҳои нав ҳадафи аслии ин тадобир арзёбӣ мешавад.
Мақомоти масъул бояд дар зарфи ду моҳи оянда барномаи мукаммали ин озмун ва фестивали таронаҳои эстрадиро пешниҳоди ҳукумати Тоҷикистон кунанд.