Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Саудӣ аҳди ҳамкорӣ мебанданд



Раҳматкарими Давлат



Низор ибни Убайд Маданӣ, муовини вазири умури хориҷаи Арабистони Саудӣ ба қасди баррасии дурнамои ҳамкориҳои миёни Тоҷикистон бо кишвараш вориди Душанбе шуд. Муовини вазири хориҷаи Саудӣ бо ҷониби ҳукумати Тоҷикистон мулоқотҳое анҷом додааст.

Ба гуфтаи масъулини вазорати иқтисод ва тиҷорати хориҷии Тоҷикистон, қарор аст зимни ин сафари ҳайати Саудӣ ба Тоҷикистон як созишномаи умумӣ дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмиву фарҳангӣ ва ҷаҳонгардиву варзиш миёни ду кишвар ба имзо бирасад.

Ба гуфтаи Маъруф Сайфиев, муовини вазири иқтисод ва тиҷорати хориҷии Тоҷикистон, то кунун равобити Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ танҳо бо муносиботи дипломатӣ маҳдуд мешуд ва ба рушди равобити тиҷоративу иқтисодӣ таваҷҷуҳи лозим сурат намегирифт.

Дар соли 2002-ум муомилоти содиротиву воридотии миёни ду кишвар танҳо 16 000 доларро ташкил додааст. Ва дар Тоҷикистон ҳеҷ корхонаи муштараке бо иштироки сармояи Арабистони Саудӣ вуҷуд надорад.

Интизор меравад, имзои ин қарордод ба рушди равобити иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Ароабистони Саудӣ мусоидат намояд.

Мулоқоти Низор ибни Убайд Маданӣ, муовини вазири умури хориҷаи Арабистони Саудӣ бо Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар назар аст.

XS
SM
MD
LG