Искандари Хоҷамирзода
Низомиёни Тоҷикистону Афғонистон тарафдори ҳамкорӣ дар мубориза бо истеҳсол ва қочоқи маводи мухаддир мебошанд.
Сухангуи вазорати мудофиаи Тоҷикистон Заробуддин Сироҷов мегуяд, ки ҷилавгирӣ аз истеҳсолу қочоқи маводи мухаддир бояд масъалаи авлавиятноки ҳамкории ниҳодҳои низомии ду кишвар бошад.
Ба гуфти ин мансабдори вазорати мудофиаи Тоҷикистон, чанде пеш дар шаҳри Кобул ҳангоми вохурии муовини аввали вазири мудофиаи Тоҷикистон Ғайрат Адҳамов бо вазири мудофиаи Афғонистон Муҳаммадқасими Фаҳим кушишҳои начандон муваффақонаи Афғонистон дар коҳиши майдонҳои кишт ва муқовимати гуруҳҳои қочоқбари маводи мухаддир дар дохил ва хориҷи Афғонистон зикр шуданд.
Ҷонибҳои тоҷику афғон эътироф кардаанд, ки ташкили як эътилофи байналмилалии зидди маводи мухаддир амри зарурист.
Дар ин рузҳо дар шаҳри Париж вазирони умури хориҷии кишварҳои мухталиф гирдиҳам омада, роҳҳои ҳамоҳангсозии мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро баҳс мекунанд.
Тафсилоти анҷумани Порис дар мусоҳибае бо Шариф Раҳимов, сафири Тоҷикистон дар Иттиҳодияи Аврупо, Белгия ва Фаронса, дар гушаи Гузоришҳо.