Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи малах ба киштзорҳои Тоҷикистон



Саидқосими Қиёмпур

Созмони Милал ба кумаки Тоҷикистон шитофта, барои маҳви ин ҳашароти зиёновар 340 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо кардааст.

Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Миллали Муттаҳид ҳушдор медиҳад, ки малах ба киштзорҳои манотиқи ҷануби Тоҷикистон зарари зиёд ворид мекунад. Ба гуфтаи Артем Фашенко, корманди барномаи миллии ин созмон, фақат дар ноҳияи Панҷ 3 ҳазор гектар ба ҳамлаи малах мувоҷеҳ гаштааст.

Соли аввал нест, ки Тоҷикистон ба ин мушкил гирифтор мешавад. Аз ин ру Созмони озуқа ва кишоварзӣ тасмим гирифтааст, аз ҳамлаи малах ба 72 ҳазор гектар замини кишти кишвар ҷилавгирӣ намояд. Ҳадафи барномаи 16 моҳаи созмон, ки барои он 340 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо шудааст, кумаки оҷил ба ҳукумати Тоҷикистон дар коҳиши зарар ба ҳосили парвардаи кишоварзон мебошад.

Артем Фашенко мегуяд, соли равон фермерон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ҳуҷуми малах беҳтар омода шудаанд ва таҷҳизоту маводи заҳрноки зиёд дар ихтиёр доранд. Ду ноҳияи дигари Хатлон, Ғозималик ва Колхозобод низ мавриди ҳамлаи малах қарор гирифтаанд. Созмони озуқа ва кишоварзӣ наздики 25 ҳазор гектар замини кишти навоҳиро муоина кард ва дар 6 450 гектар замин асари ҳуҷуми малахро дучор омад.

Мутахассисон мегуянд, теъдоди зиёди малах ҳар чаҳор панҷ сол як бор ба киштзорони Тоҷикистон мерезад. Ва бисёриҳо интизор доштанд, ки баъди ҳамлаи шадиди соли 2002-юм ҳосили имсола аз малах эмин хоҳад монд. Соли гузашта малах ба киштзорҳои ноҳияҳои Шаҳртуз, Қубодиён, Қумсангир, Турсунзода, Ҷаббор Расулов, Нов ва Зафаробод ҳамла овард. Бар асари ин тибқи иттилоъи расмӣ, ҳосили 72 ҳазору 100 гектар замини кишт нобуд гардид.

То соли 1990 майдонҳои кишти Тоҷикистон тавассути доруву заҳрҳои мавҷудаи Иттиҳоди Шуравӣ аз ҳамлаи малах ҳифз мешуданд. Ва аммо баъди пошхурии шуравӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ Тоҷикистон ба мушкилоти зиёди иқтисодӣ мувоҷеҳ шуд ва ҳоло барои тани танҳо бо ин офат мубориза бурдан қодир нест.

XS
SM
MD
LG