Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомиёни ҳуқуқи беҳуқуқ



Саидмуҳиддини Оймуҳаммад

Адвокатҳои тоҷик мегуянд, Кодекси ҷиноии Тоҷикистон имкон намедиҳад, онҳо аз ҳуқуқи хеш ва ашхоси таҳти ҳимояашон дифоъ кунанд.



Ахиран дар Тоҷикистон курсҳои омузишии адвокатҳо ё вакилони мудофеъ бо мусоидати Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид оғоз шуданд. Ба гуфтаи раиси Коллегияи адвокатҳои Тоҷикистон Наим Амирбеков ин курсҳо барои баланд бурдани савияи тахассуси вакилони мудофеъ ва таъмини нуфузи вакилони мудофеъ баргузор мешаванд.

Ҷаноби Амирбеков мегуяд: "Курси такмили ихтисоси адвокатҳои Тоҷикистон, ки собиқаи кории сесола доранд, яъне барои адвокатҳои ҷавон ташкил карда шуд."

Ба қавли ҷаноби Амирбеков, хадамоти вакилони мудофеъ бахши умдаи фаъолият дар таъмини қонуният ва дифоъи аъзои ҷомеа мебошад, вале дар Тоҷикистон вакилони мудофеъ чӣ аз ҷониби ниҳодҳои додгоҳ ва чӣ аз ҷониби шаҳрвандон ба инобат гирифта намешавад ва чунин ҳолат марбут ба он аст, ки савияи омодагии ҳуқуқии баъзе вакилони мудофеъ ба андозае нест, ки онҳо битавонанд ҳуқуқи хеш ва ашхоси таҳти ҳимояашонро дифоъ кунанд.

Аз суи дигар қавонини Тоҷикистон манофеъи тамоми тарафҳоро ба сурати яксон ҳимоят намекунанд ва ин боис мешавад, ки ҳуқуқи вакилони мудофеъ маҳдуд сохта шавад. Наим Амирбеков мегуяд, барои бардоштани монеа аз сари роҳи вакилони мудофеъ бояд банди 296 Кодекси ҷиноии кишвар тағйир дода шавад, зеро ин банд ҳуқуқи вакили мудофеъро маҳдуд мекунад: "Моддаи мазкур барои маҳдуд кардани ҳуқуқи адвокатҳо равона шудааст. Дар ин хусус мо фикру андешаҳоямонро ба Маҷлиси Намояндагон пешниҳод кардем, ки ин тағйир дода шавад. Мо барои мустаҳкам кардани мавқеъи худ то охир ҳаракат хоҳем кард."

Ва аммо корманди Дафтари ҳуқуқи башар Азиз Диноршоев мегуяд, дар бисёре ҳолот дар ҷараёни бозрасӣ ва дар мурофиаи додгоҳ адвокат танҳо барои саҳнасозӣ истифода мешавад ҳеҷ гуна таъсире дар ҷараёни муҳокима надорад ва дар баъзе ҳолот дастурҳои муфаттиш ва додгоҳро иҷро мекунад ва ҳеҷ гуна дифоъро барои шахси таҳти ҳимояаш таъмин намекунад. Вай мегуяд: "Вакили мудофеъ дар бисёре аз ҳолот танҳо як пардаи руи саҳна аст. Ва барои он лозим аст, ки бигуянд вакили мудофеъ дар мурофиа иштирок дошт, вале амалан вай ҳеҷгуна кореро анҷом намедиҳад, танҳо иштирок мекунад."

Ва аммо курсҳои омузиши ҳуқуқии вакилони мудофеъ қарор аст, ду ҳафта идома кунанд ва дар онҳо кормандони ниҳодҳои дигари таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ширкат кунанд.

XS
SM
MD
LG