Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйири Қонуни Асосӣ чӣ медиҳад?



Раҳматкарими Давлат

Аҳзоби сиёсӣ ислоҳоти Қонуни Асосиро нобаҳангом ва иштибоҳи сиёсӣ унвон мекунанд.

Намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон зимни баргузории як конфаронс дар шаҳри Душанбе бори дигар мухолифати худро ба тарзи баргузории раъйпурсӣ ба манзури ислоҳоти Қонуни Асосии Тоҷикистон баён доштанд.

Муҳаммадрузӣ Искандаров, раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон иқдоми ислоҳоти Қонуни Асосиро як амри зудҳангом ва иштибоҳи сиёсӣ унвон кард ва гуфт, ин иқдом мухолифи усули умумии сулҳ ва ризояти миллии ҳосилшуда дар ҷомеа мебошад.

Оқои Искандаров гуфт: "Моддаи 65 бо пешниҳоди Комиссияи Ошти Миллӣ ва бо мувофиқати тарафайн қабул шуда буд ва яке аз асосҳои сулҳи тоҷикон буд ва мемонад. Ва ҳамагӣ баъди се соли он тағйирот фикр мекунам, зарурат барои қабули ин тағйирот набуд."

Дар ҳамин ҳол, Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҳизби Сотсиал- Демократи Тоҷикистон мегуфт, имкон додан ба як нафар, ки барои солҳои тулонӣ раисиҷумҳур бошад, хатари эҷоди як низоми авторитариро дар кишвар фароҳам месозад. Ислоҳоти Қонуни Асосӣ, ба ақидаи Шокирҷон Ҳакимов, ба раисиҷумҳури феълии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов имкон медиҳад, барои ду дафъаи дигар дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат намояд.

Оқои Ҳакимов афзуд: "Агар аз нуқтаи назари арзишҳои демократӣ ҳарф занем, ин ҳолати вазнинкунанда аст. Аз соли 1994 то соли 1999 президент буданд ва аз соли 1999 то соли 2006-ум, худо хоҳад, президент мемонанд. Лекин сухан дар бораи насли наве меравад, ки солҳои 50-ум ва 60-ум таваллуд шудаанд. Онҳо ҳам орзуву умед доранд ва барои ҳар як фарде, ки аз 35-сола болост, бояд шароит фароҳам кунем, ки онҳо ҳам дар интихобот ширкат варзанд. "

Аммо Суҳроб Шарифов, корманди масъули дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон мегуяд, вакилони Маҷлиси Намояндагон бо ин иқдоми худ, ки бидуни баррасии умумихалқӣ ислоҳоти Қонуни Асосиро ба раъйпурсӣ вогузор намудаанд, барои раисиҷумҳур хидмати хирсонае анҷом доданд. Аммо боз ҳам ба назари Суҳроб Шарифов, замони ваколати раёсати ҷумҳурӣ муайянкунандаи меъёрҳои демократӣ дар ҷомеа намебошад ва интихоби як нафар ба ҳар муддате наметавонад боиси нигаронӣ дар бораи шакл гирифтани ҷомеаи авторитарӣ бошад.

Аммо Маҳкамбой Маҳмудов, узви Маҷлиси Миллӣ ва устоди ҳуқуқи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ин ҳама баҳсу мунозираи гарму гоҳо тунди намояндагони аҳзоби сиёсиро аз надонистани ҳуқуқ ва маърифати ҳуқуқӣ донист, ки ба вокуниши шадиди наояндагони аҳзоб рубару гардид.

Конфаронси мазкур бо иқдоми анҷумани сиёссатшиносон ва пуштибонии Пажуҳишгоҳи Миллии Демократия ва Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо баргузор гардид.

XS
SM
MD
LG