Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наркотрафик ба амнияти миллии Тоҷикистон таҳдид мекунад



Муҳаммадраҳими Сайдар

Фишурдаи таҳлили маҷаллаи Евразиянет ва назари коршиносони тоҷик

Тавсиаи бозори маводи мухаддир дар Русия метавонад, тоҷиконро аз манбаъи муҳими даромад, ки аз муҳоҷирати корӣ ба даст меояд, маҳрум намояд.

Дар расонаҳои хабарии Русия дар ин ахирҳо масоили марбут ба муҳоҷирати корӣ ва таҳвили маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Русияро канори ҳамдигар муаррифӣ мекунанд.

Ба навиштаи нашрияи интернетии Евразиянет, дар кишварҳои муштаракулманофеъ ба муҳоҷирони кории тоҷик ҳарчӣ бештар ба шубҳа менигаранд. Аммо назари устоди Донишгоҳи шарқшиносии Маскав Боғшои Лашкарбер ин аст, ки ин ташвиқот ҳисобшуда ва ҳадафмандона аст.

Вай мегуяд: "Бозори маводи мухаддир аслан дар дасти мофиёи бузург аст. Тибқи маълумоти рузномаи Аргументи и Факти бархе аз кормандони вазорати умури дохилаи Русия дар ин кор даст ва солона аз ин ҳисоб садҳо миллион доллар даромад доранд. Вале васоити ахбори умум аслан фақат роҷеъ ба дастгир шудани тоҷикон маълумоти бештаре пахш мекунанд ва дар назари мардум чунин вонамуд мешавад, ки паҳн шудани маводи мухаддир дар Русия аслан ба фаъолияти мофиёи тоҷик вобаста аст."

Коршинос ҳамчунин афзуд, ки агар мақомоти Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо мақомоти Русия барои аз байн бурдани ин иттиҳомоти ҳисобшуда иқдом накунанд, вазъи муҳоҷирони кории тоҷик боз ҳам бадтар хоҳад шуд. Боғшоҳи Лашкарбек: "Фикр мекунам, дар ин ҷо дар матбуот ҳам гуруҳи мафияи вобаста ба маводи мухаддир вуҷуд дорад ва онҳо мехоҳанд, ки фикри мардумро дар ин маврид дигар кунанд. Хуб мешуд, агар худи журналистони тоҷик бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон, бо ҳамдастии журналистони Русия ва худи давлати Русия воқеиятро ба мардум мерасониданд"

Ин умедвории коршиноси тоҷик дар ҳолест, ки дар охири моҳи апрел ҳангоми боздиди худ аз Душанбе, раиси ҷумҳурии Русия, Владимир Путин эълом дошт, ки маҳз таҳвили маводи мухаддир сабаби таҳти таъқиб қарор гирифтани муҳоҷирини ғайриқонунии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Вай гуфт: "Русия аз ин масири ҳаракати маводи мухаддир хеле зарар мебинад. Ва ин аввалин чизест, ки муҷиби нигаронии таваҷҷуҳи бештар ба муҳоҷирон аз Тоҷикистон шудааст."

Ин дар ҳолест, ки бархе аз мушоҳидони тоҷик бар онанд, ки таҳти таъқиб қарор гирифтани муҳоҷирони тоҷик барои он буд, ки ба таҳкими муносибатҳои Душанбе бо Вашингтон халал ворид карда шавад. Ба гуфтаи Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз ҳисоби муҳоҷирати кории 800 ҳазор тоҷикон, ки бахши аъзами онҳо дар Русия ва Қазоқистон кор мекунанд, рузгори худро пеш мебаранд.

Гуфта шудааст, танҳо тайи соли 2002-ум муҳоҷирон ба ба Тоҷикистон зиёда аз 600 миллион доллар таҳвил кардаанд. Вале имконоти муҳоҷирати корӣ барои тоҷикон ҳамзамон бо афзоиши қочоқи маводи мухаддири афғонӣ коҳиш меёбад.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмонов - раиси ҷумҳури Тоҷикистон 26 апрел дар Душанбе, дар ҳузури сарони кишварҳои муштаракулманофеъ гуфт, ки Тоҷикистон дар шумори чор давлатест, ки бо маводи мухаддир шадидан мубориза мебарад ва Тоҷикистон дар Осиёи Миёна кишварест, ки 85 дар сади маводи мухаддиро кашф мекунанд. Аммо ҳарфи расонаҳои гуруҳии Русия ин аст, ки наркотрафик ба амнияти миллии Тоҷикистон ҷиддан таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG