Абдуқайюми Қайюмзод
Ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон,ки дар шаҳри Новосибирски Русия дар боздоштанд, ба Тоҷикистон таҳвил дода хоҳанд шуд.
Шариф Қурбонов, додситони низомии Тоҷикистон гуфт, тибқи дархости мақомоти интизомии кишвар додситонии Русия тасмим гирифт, Лутфулло Файзуллоев ва Карим Фозилов, ду тани боздоштшуда дар Новосибирскро ба Тоҷикистон таҳвил диҳад.
Додситони низомии Тоҷикистон гуфт, афроди боздоштшуда замони ҷанги шаҳрвандӣ ва баъд аз он ба ҷиноёти сангине, аз қабили ғоратгарӣ, одамрабоӣ, ширкат дар амалиёти гуруҳҳои ҷиноӣ ва куштор даст задаанд ва аз ин сабаб дар хориҷ аз кишвар ва дар ҳоли фирор ба сар мебурданд. Аммо ҳардуи инҳо дар Новосибирски Русия дар моҳи феврали соли равон ҳангоми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир аз суи кормандони ниҳодҳои интизомии ин кишвар боздошт гардиданд.
Бар пояи маълумоти додситони низомии Тоҷикистон, Лутфулло Файзуллоев, яке аз гумонбарони аслии суиқасд ба ҷони раиси собиқи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд Собирҷон Бегиҷонов мебошад, ки дар моҳи майи соли 2001 ба қатл расид.
Шариф Қурбонов, додситони низомии Тоҷикистон гуфт, вазорати дохилаи кишвар дастур гирифтааст, ки дар муддати ду ҳафта афроди боздоштшударо аз Новосибирск ба Тоҷикистон биёрад.
Тафсили ин хабар дар гушаи Гузоришҳо.