Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия 2 бандии тоҷикро ба Тоҷикистон медиҳад



Абдуқайюми Қайюмзод

Лутфулло Файзуллоев ва Карим Фозилов се моҳ пеш бо дархости Душанбе дар Новосибирск боздошт шуданд.

Ду нафар шаҳрванди Тоҷикистон,ки дар шаҳри Новосибирски Русия дар боздоштанд, ба Тоҷикистон таҳвил дода хоҳанд шуд.

Шариф Қурбонов, додситони низомии Тоҷикистон гуфт, тибқи дархости мақомоти интизомии кишвар додситонии Русия тасмим гирифт, Лутфулло Файзуллоев ва Карим Фозилов, ду тани боздоштшуда дар Новосибирскро ба Тоҷикистон таҳвил диҳад.

Додситони низомии Тоҷикистон гуфт, афроди боздоштшуда замони ҷанги шаҳрвандӣ ва баъд аз он ба ҷиноёти сангине, аз қабили ғоратгарӣ, одамрабоӣ, ширкат дар амалиёти гуруҳҳои ҷиноӣ ва куштор даст задаанд ва аз ин сабаб дар хориҷ аз кишвар ва дар ҳоли фирор ба сар мебурданд. Аммо ҳардуи инҳо дар Новосибирски Русия дар моҳи феврали соли равон ҳангоми муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир аз суи кормандони ниҳодҳои интизомии ин кишвар боздошт гардиданд.

Бар пояи маълумоти додситони низомии Тоҷикистон, Лутфулло Файзуллоев, яке аз гумонбарони аслии суиқасд ба ҷони раиси собиқи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд Собирҷон Бегиҷонов мебошад, ки дар моҳи майи соли 2001 ба қатл расид. Собирҷон Бегиҷонов бар асоси саҳмияи сидарсадаи мухолифини давлат дар ҳайъати ҳукумат ба ин вазифа расида буд ва парвандаи ҷиноии куштори у аз пурмоҷаротарин парвандаҳои ҷиноии ду соли ахири додситонии Тоҷикистон будааст.

Нуҳ тан аз кормандони баландмақоми вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар робита ба баррасии, ба гуфти мақомот, ноодилонаи ин парванда аз вазоиф барканор ва ба муддатҳои тулонӣ зиндонӣ шуданд.

Тибқи иттилоъи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир беш аз 5 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар зиндонҳо ва боздоштгоҳҳои муваққатии Русия ба сар мебаранд. Як нафар аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, ба иллати набуди маблағ Тоҷикистон натавонист ашхосеро, ки бо дархости онҳо мақомоти интизомии Русия боздошт намуда буданд, ба Тоҷикистон интиқол бидиҳанд ва аз ин ру бар асари поин омадани муҳлати боздошти онҳо бар асоси қонунҳои Русия мақомоти ин кишвар бархе аз онҳоро аз боздоштгоҳҳо раҳо кардаанд.

Аммо Шариф Қурбонов, додситони низомии Тоҷикистон гуфт, ин ду шахси муҷрим бо назардошти ҷиноёти сангинашон аз дигарон фарқ доранд ва бинобар ин вазорати дохилаи кишвар дастур гирифтааст, ки дар муддати ду ҳафта афроди боздоштшударо аз Новосибирск ба Тоҷикистон биёрад.

XS
SM
MD
LG