Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз қочоқи 215 кило ҳероин пешгирӣ карданд



Хиромони Бақозода



Кормандони оҷонсии ҳукумати Тоҷикистон дар умури назорат бар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гуфтанд, зимни чанд амалиёти алоҳида ба ҷилавгирӣ аз интиқоли беш аз 30 кило маводи мухаддир ба шаҳрҳои Санкт-Петербургу Маскав ва минтақаи Урали Федератсияи Русия муваффақ шуданд.

Хабаргузории давлатии "Ховар", ношири ин хабар мегуяд, 3 қочоқбар бо иттиҳоми даст доштан дар ин ҷиноёт боздошт шудааст.

Тибқи ахбори дигар, марзбонони рус мегуянд, онҳо охири ҳафтаи гузашта дар минтақаи марзии Панҷ аз як пинҳонгоҳ 155 кило ҳероин пайдо карда, шоми якшанбе дар мавзеи Хоруғи марз бо Афғонистон аз кушиши қочоқи 30 кило ҳероини дигар ҷилавгирӣ намуданд.

XS
SM
MD
LG