Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмонов бо Веглио мулоқот кард



Абдуқайюми Қайюмзод



Рузи 5 май президент Раҳмонов дар шаҳри Душанбе бо Педро Веглио, мудири иҷроияи Бонки Ҷаҳонӣ мулоқот дошт. Оқои Веглио пас аз анҷоми мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмонов, ки барои бори аввал сурат мегирад, гуфт, вазъ дар Тоҷикистон беҳбуд ёфтааст ва имкон медиҳад кишварҳои кумаккунанда бештар дар иқтисоди ин кишвар саҳм бигиранд.

Зафар Саидов, сухангуи раисиҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, равобити Бонки Ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон бештар тақвият меёбад. Ҷаноби Саидов гуфт, миёни Бонки Ҷаҳонӣ ва ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати додани қарз барои ислоҳоти низоми маорифи кишвар гуфтушунидҳо ба марҳалаи анҷоми худ мерасад ва интизор меравад мавзуъи ихтисоси 20 милён доллар қарзи боимтиёзи Бонки Ҷаҳонӣ ба соҳаи маорифи Тоҷикистон ба таври мусбат ҳал шавад.

XS
SM
MD
LG