Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як пинҳонгоҳи аслиҳа ошкор гардид



Хиромони Бақозода



Хабаргузории ИТАР-ТАСС аз қавли марзбонони тоҷик мегуяд, шоми шанбе дар яке аз манотиқи марзи Тоҷикистон бо Узбакистон як пинҳонгоҳи аслиҳа ошкор гардид. Фармондеҳии марказии нируҳои марзбони кишвар мегуяд, дар ин махфигоҳ чанд адад автомат, 7 норинҷак, ҳудуди 1 ҳазор дона тир ва беш аз як килограмм маводи тарканда маҳфуз будааст. Нируҳои марзбони тоҷик тахмин мезананд, ки маводи мазкур ба нируҳои тарафдори полковники саркаш Маҳмуд Худойбердиев мутааллиқ буда, замони эҷоди ин пинҳонгоҳ ба соли 1996 рабт дода мешавад. Хабар ҳокист, ки дар тули соли ҷорӣ дар марзи Тоҷикистон бо Узбакистон беш аз 20 махфигоҳи аслиҳа ошкор шудааст.

XS
SM
MD
LG