Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рузи аввали анҷумани кумакрасонҳои Тоҷикистон



Саидмуҳиддини Оймуҳаммад

Дар ин нишаст намояндагон аз беш аз 10 кишвари ҷаҳон ва аз созмонҳои байнулмилалӣ ширкат доранд.

Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, сарфи назар аз тадобире, ки давлат амалӣ мекунад, нокифоятии буҷа ва сатҳи баланди қарзи хориҷӣ талошҳои ҳукуматро барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва таъмини суботи иқтисодӣ дар кишвар маҳдуд менамоянд. Вай ин суханонро дар маҷлиси машваратии намояндагони кишварҳои кумакрасон, ки рузи 2 май оғоз шуд, баён дошт. Президент Раҳмонов гуфт, Тоҷикистон ба ҷалби сармояи кишварҳои кумакрасон ба шакли қарз ва ба хусус ба шакли кумакҳои бебозгашт барои соҳоте ниёз дорад, ки боиси рушди иқтисоди кишвар мешаванд.

Вай афзуд: "Боло бурдани имконоти иқтисодии мо иҷозат медиҳад, ки мо ба сурати қотеъ дар муқобили хатароте мисли терроризм, густариши маводи мухаддир ва таҳдидҳои зистмуҳитӣ истодагарӣ намоем. Бад-ин минвол ҷомеаи ҷаҳонӣ аз тариқи кумак ба Тоҷикистон амнияти хешро дар муқобили хатароти фарогир ва хеле ҷиддӣ тақвият мебахшад."

Мудири минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ дар умури Осиёи Марказӣ Денис Детрей, ки низ дар нишасти мазкур иштирок дорад, ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт, мо аз натоиҷи мулоқоти кишварҳои донор дар робита ба кумак ба Тоҷикистон, ки ду сол қабл дар Токио баргузор шуд, қаноатманд нестем. Ва яке аз масоили мавриди баҳс дар ин нишаст, ки чаҳорум нишасти кишварҳои кумакрасон ба Тоҷикистон аст, ҳамин мавзуи иҷро нашудани ваъдаҳоест, ки дар нишасти Токио сурат гирифта буд.

Мушовири умури иқтисодии раиси ҷумҳури Тоҷикистон Файзулло Холбобоев ба хабарнигорон гуфт, дар нишасти Токио қарор шуда буд кишварҳои кумакрасон барои Тоҷикистон наздики 380 милён доллар тахсис бидиҳанд, аммо танҳо ҳудуди 30 дар сади ин маблағҳо дар дастрасии Тоҷикистон гузошта шуданд. Ба гуфтаи ҷаноби Холбобоев, ҳукумати Тоҷикистон барномаҳои сармоягузорӣ ба соҳоти авлавиятноки иқтисод ва барномаи пойин овардани сатҳи камбизоатиро ҷиҳати ошноӣ ба иштироккунандагони нишаст пешкаш мекунад.

Дар конфронси машваратии кишварҳои донор, ки дар яке аз фароғатгоҳҳои ҳукумат дар деҳаи Пуғоз, 30-километрии шимоли Душанбе фардо низ идома хоҳад кард, беш аз 100 нафар ба намояндагӣ аз кишварҳои кумакрасон, ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ, намояндагони идороти давлатӣ ва бахши хусусӣ ширкат меҷуянд.

XS
SM
MD
LG