Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳифзи манобеъи ҳастаӣ тақвият хоҳад ёфт



Мирзои Салимпур



Қарор аст, Маскаву Душанбе дар мавриди тармиму бозсозӣ ва бо таҷзиҳоти замонавии техникӣ муҷаҳҳаз сохтани васоили ҳифзи манобеъи ҳастаии Тоҷикистон як созишномаи ҳамкорӣ имзо кунанд. Хабаргузории "Интерфакс" мегуяд, рузи панҷшанбе сарвазири Русия Михаил Касянов таҳияи матни чунин созишномаро ба вазорати нируи ҳастаии кишвараш дастур додааст.

Созишномаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар заминаи ҳифзи манобеъи ҳастаӣ байни вазорати нируи ҳастаии Русия ва вазорати дифоъи Тоҷикистон имзо хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG