Тоҳири Сафар
Ба иттилои вазорати кори Тоҷикистон тайи се моҳи равон дар ин кишвар ҳудуди 15 ҳазор ниёзманд барои дарёфти кор ба хадамоти шуғли аҳолӣ муроҷиат карданд.
Намояндаи вазорати кори Тоҷикистон 24 апрел ба хабаргузории Азия Плюс гуфтааст, дар ҳоли ҳозир беш аз 90 ҳазор нафар дар ҷустуҷуи кори муносиб ҳастанд.
Маркази шуғли аҳолии ин кишвар тайи се моҳ барои 23 ҳазор нафар шуғл пайдо кардааст. Бекорӣ гиребонгири ҳукумати Тоҷикистон аст ва тибқи иттиллои ғайрирасмӣ 40 дар сади аҳолии қобили кори ин кишвар шуғл надоранд.