Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ҲДТ:"Қарори парлумон бекор карда шавад"



Раҳматкарими Давлат



Ҳизби Демократи Тоҷикистон рузи панҷшанбе, 24 апрел хостори ба таъхир андохтани раъйпурсие, шуд ки қарор аст, 22 июн ба манзури ислоҳоти Қонуни Асосии кишвар баргузор шавад.

Раёсати Ҳизби Демократи Тоҷикистон бо пахши як баёния, ворид намудани тағйирот ба Қонуни Асосиро нобаҳангом донист ва гуфт, маводи ба раъйпурсӣ гузошташуда, ҷузъист ва аҳамияти умумимиллӣ надорад.

Дар баёнияи ҲДТ омадааст, агар ҳукумат шадидан ҷонибдори ислоҳот аст, пас бояд ҳадди аққал ба мардум иҷоза дода шавад, то дар баррасии тарҳи пешниҳодшудаи ислоҳот ширкат намояд.

Раҳматулло Валиев - дабири кулли ин ҳизб ба Радиои Озодӣ гуфт, агар Сарқонун догма набошад, қарори Маҷлиси Намояндагон низ догма нест ва онро бояд ба хотири пешрафти кишвар, ба хотири сулҳу ваҳдати миллат бекор намуд.

Тафсилоти хабар дар гушаи Гузоришҳо

XS
SM
MD
LG