Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба иддае аз афрод имтиёз медиҳад



Тоҳири Сафар



Ҳукумати Тоҷикистон барои афроде, ки пулҳои ғайриқонунӣ ҷамъовардаашонро ба расмият медароранд, аз 1 июн то 31 декабр имтиёзҳои гуногун муқарар кард.

Тибқи қароре, ки ҳукумат содир кардааст, ин ашхос ҳангоми машғул шудан бо навъҳои гуногуни соҳибкорӣ, сохтмони хона, гирифтани замин ва тиҷорат дар биржаҳо аз пардохти ҳаққи хадамоти давлатӣ озод мешаванд.

Ҳукумати Тоҷикистон нимаи моҳи март қарор кард, ки даромадҳои ғайриқонунӣ ва маблағҳои бузурги дар ҳоли гардиш дар бозори сиёҳро қонунӣ гардонад. Ба шаҳрвандон ва соҳибкороне, ки ҳамвора аз пардохти андоз ва молиёт саркашӣ кардаанд, то охири моҳи май фурсат дода шуд, то пасандозу даромадҳои ғайриқонуни ҷамъовардаашонро аз иқтисоди ғоиб ё сиёҳ берун кашанд ва дар бонкҳо ҳифз намуда онҳоро қонунӣ гардонанд.

XS
SM
MD
LG