Абдуқаюми Қаюмзод
Хабарнигори Радиои Озодӣ дар Душанбе мегуяд, саввумин руз аст, ки тавзеъи гази табиӣ дар Душанбеву навоҳии атрофи он ва қисмати ҷанубии кишвар қатъ шудааст. Тибқи иттилои мақомоти масъули ширкати давлатии "Тоҷикгаз" ҳукумати Узбакистон рузи 19 апрел бо ирсоли як барқия сабаби қатъи интиқоли гази табииро ба ҷумҳурии Туркманистон вобаста донистааст.
Фатҳиддин Муҳсиддинов - муовини раиси Ширкати давлатии гази Тоҷикистон 21 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, лулаи газе, ки аз Узбакистон ба Тоҷикистон меояд, 14 километр аз ҳудуди Туркманистон убур мекунад. Аммо саввумин руз аст, ки далоили қатъи газ мушаххас нашудааст.
Гузориши муффасал дар гушаи Гузоришҳо