Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти фарҳангии тоҷикони Маскав поён ёфт



Муҳаммадраҳими Сайдар



Тоҷикони муқими Маскав дар як намоиши пуриҷтимоъ бо фарҳангиёни Русия, дар толори китобхонаи Некрасов, дар мавзуи "Мероси фарҳангии тоҷикон дар таммадуни ҷаҳон" баҳс ва табодули назар карданд.

Темури Зулфиқор -нависандаи маъруфи русзабони тоҷик дар суҳбати худ дар бораи фарҳанги сеҳазорсолаи мардуми тоҷик ва нақши хонои ин фарҳанг дар тамаддуни ҷаҳонӣ хотиротеро аз маросими ҷашни Навруз дар чанд соли пеш дар дараи Варзоб ҳикоят кард, ки мавриди тавваҷуҳи шунавандагон қарор гирифт.

Юлия Хижняк-муҳоҷирзани тоҷикистонии муқими Маскав, ки зода ва парвардаи Душанбе аст ва бо доштани коллексияи 500 пироҳани тоҷикӣ маъруфият дорад, дар ҳошияи намоиши музеи шахсии хеш, бардоштҳои худро аз охирин боздидаш аз минтақаи бостонии Ҳулбук, воқеъ дар вилояти Хатлон ҳикоят кард.

Вай гуфт:"Дусти бостоншиноси ман Эркиной Ғуломова, ки феълан дар Олмон ба сар мебарад, ба ман ба таъкид мегуфт, ки ту болои хоки шаҳри бостоние ҳузур дорӣ, ки дар зери он чанд шаҳри дигар ниҳон аст. Яъне ҳар мушти хоки тоҷикистон буи фарҳанг мекунад."

Маҳфили фарҳангиёни тоҷику рус бо намоиши филми "Шик"-и Бахтиёр Худоназаров - коргардони муҳоҷири тоҷик поён ёфт.

Гузориши муфассал дар гушаи Гузоришҳо (аудио)

XS
SM
MD
LG