Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо манзили маскунӣ дар Душанбе хароб шуд



Раҳматкарими Давлат



Дар натиҷаи боло рафтани сатҳи оби рудхонаҳои Варзоб, Элок ва Кофарниҳон даҳҳо манзили маскунии сокинони ноҳияҳои атрофи шаҳри Душанбе хароб шудааст.

Ин ҳодиса ба дунболи боришоти пайдарпайи чанд рузи охир дар шаби 15 апрел ба 16 апрел ба вуқуъ пайвастааст. Аз маҷро берун рафтани оби рудхонаҳо дар ноҳияҳои атрофи Душанбе, ҳамчунин ҳудуди 2000 гектар киштзори пахта ва гандумро низ зери об мондааст. Хаҷми умумии хисорот то ба ҳол мушахасс нашудааст. Аммо ба гуфтаи мақомоти масъул ин ҳодисаи табиӣ талафоти ҷонӣ ба дунбол надоштааст.

Ба манзури рафъи оқибати ҳодиса ситоди махсус бо сарварии вазири ҳолатҳои фавқуллода таъсис ёфта ва дар айни ҳол неруҳои наҷоти вазорати умури истирории Тоҷикистон саргарми кумак ба мардуми офатзада мебошанд.

Ҷузъиёти бештар дар гушаи Гузоришҳо

XS
SM
MD
LG