Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи рузноманигорон ба Раҳмонов ирсол шуд



Саидқосими Қиёмпур



Муассисони 30 рӯзномаи Тоҷикистон аз ҳукумати ин кишвар тақозо карданд, барои берун кашидани нашрияҳо аз вартаи муфлисӣ ба онҳо кумак кунад. Дар номаи муҳарирони нашрияҳо ба раисҷумҳури Тоҷикистон гуфта мешавад, рӯзномаҳо, ки дар ба эътидол овардани авзои ҷамъиятӣ-сиёсии Тоҷикистон нақши хеле муҳим доштанд, акнун дар вартаи муфлисиву варшикастагӣ қарор доранд.

Рузноманигорони тоҷик тақозо карданд, ки барои роҳ надодан ба шикасти молии рӯзномаҳо ҳукумат ба онҳо кумаки молӣ расонад. Дар акси ҳол гуфта мешавад дар нома, хонандагони тоҷик дар ояндаи наздик аз гирифтани ахбор маҳрум мешаванд ва ё рӯзномаҳо рӯ ба гуруҳҳои алоҳидаи молӣ ва сиёсӣ оварда, манофеъи онҳоро ҳимоя мекунанд.

Ҷузъиёти бештар дар гушаи Гузоришҳо

XS
SM
MD
LG