Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Леонид Кучма ба Тоҷикистон сафар мекунад



Мирзои Салимпур



Қарор аст, Леонид Кучма, раиси ҷумҳури Украина рузи сешанбе, 8-уми апрел сафари серузааш ба Тоҷикистонро оғоз хоҳад кард. Ин нахустин сафари расмии раҳбари аввали Украина ба Тоҷикистон буда, оқои Кучма дар пай аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ дидан хоҳад кард.

Салоҳиддин Насриддинов, муовини вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ҷараёни музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Украина имзои дасти кам 6 созишномаи дуҷонибаи ҳамкорӣ дар байни ин ду кишвар дар назар дошта шудааст.

Тиҷорати Тоҷикистону Украина дар соли 2002 86 милён доллари амриокиро ташкил дод, ки дар муқоиса бо як соли пеш 30 дар сад бештар мебошад.

Тафсилоти ин хабар дар гушаи Гузоришҳо.

XS
SM
MD
LG