Мирзои Салимпур
Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт, пайомадҳои нохуши баланд рафтани қимати газу нируи барқ дар кишварро барои қишрҳои камбизоати аҳолӣ бо иттихози беш аз 4 милён доллар аз аҳисоби будҷаи давлатӣ ҷуброн намояд.
Аз ин маблағ тақрибан 3 милён доллар барои пардохти қимати нируи барқ ва беш аз 1 милён доллари боқӣ барои пардохти пули газ дар назар дошта шудааст.
Хабаргузории ИТАР-ТАСС бо нашри ин хабар меафзояд, ки шуруъ аз сари соли ҷорӣ қимати нируи барқ дар Тоҷикистон қариб 3 баробар ва нархи газ 30 дар сад боло рафтааст. Ва он ҳам дар ҳоле ки маоши миёнаи мардум дар ин кишвар ҳудудан 12 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.