Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти сармоягузорон дар Душанбе оғоз ёфт



Мирзонабии Холиқзод



Вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон сабаби аслии таваҷҷӯҳи ками кишварҳои кумакрасонро ба конфронси байналмиллалии сармоягузорон ба иқтисоди Тоҷикистон, ки барои се рӯз дар шаҳри Душанбе ба кори худ шурӯъ намуд, ҷанги Ироқ номид.

Ин конфронс бо пуштибонии барномаи иқтисодии Созмони Миллали Муттаҳид "СПЕКА" сурат мегирад ва тибқи барнома мебоист 37 кишвари ҷаҳон бо шумули давлатҳои Аврупо ва арабӣ дар он ширкат меҷустанд, аммо ҳамагӣ намояндагони 13 кишвар, аз ҷумла Малайзия, Муғулистон, Русия, Эрон, Ҳинд, Чин, Қазоқистон ва давлатҳои дигари ҳамсоя ташриф оварданд.

Ҷузъиёти бештар дар гӯшаи Гузоришҳо

XS
SM
MD
LG