Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон нозирони маҳаллии матбуот ба фаъолият мепардозанд



Раҳматкарими Давлат

То кунун таъмини ҳуқуқи журналистон ва ё поймолшавии хуқуқи онҳоро дар Тоҷикистон ягон созмони махсуси маҳаллӣ назорат намекард.

Бо ибтикори Анҷумани миллии васоити ахбори мустақили Тоҷикистон ва мусоидати Созмони пуштибонии байналмилалӣ аз матбуот нахустин даври омӯзишӣ барои мониторҳо ё нозирони хуқуқи журналист ва матбуот дар шаҳри Душанбе доир шуд.

Нуриддин Қаршибоев - раиси Анҷумани васоити ахбори мутақили Тоҷикистон мегӯяд, то кунун таъмини хуқуқи журналистон ва ё поймолшавии ҳуқуқи онҳоро дар Тоҷикистон ҳеҷ созмони махсусе назорат намекард. Ва ин афроде, ки зарфи як ҳафта омӯзиш мебинанд, нахустин нозирони расмии ҳуқуқи журналист дар Тоҷикистон хоҳанд буд, ки ахбори вобаста ба матбуот ва фаъолияти журналистонро мунтазам дар матбуот ва саҳифаҳои Интернет интишор хоҳанд намуд.

Оқои Қаршибоев мегӯяд:"Гурӯи мониторҳо вазъи расонаҳои хабарӣ, вазъи матбуот ва вазъи рӯзноманигоронро бояд назорат баранд ва аз ҳуқуқвайронкуниҳо нисбати васоити ахбори омма ва рӯзноманигорон хабар ва ҳисоботҳо омода намуда, дар матбуоти даврӣ ва Интернет хабар паҳн кунанд. Мо умед дорем, мониторҳо, ки дар ин ҷо сабақ мегиранд, дар оянда барои беҳбуди матбуоти тоҷик кумак мекунанд. Мо бояд вазъи матбуотро назорат кунем ва аз тенденсия ё ҷараёнҳои мусбату манфии рушди рӯзноманигорӣ огаҳ бошем."

Ба гуфтаи раиси Анҷумани расонаҳои мустақили Тоҷикистон даври аввали омӯзишӣ, як ҳафта идома хоҳад дошт ва барои омӯзиш додан ба коршиносони тоҷик хуқуқшиносон ва рӯзноманигорони байналмилалӣ низ ҷалб шудаанд. Дар ин машғулиятҳои омӯзишӣ бархе аз мутахассисони созмонҳои хориҷии муқими Душанбе ва коршиносони Маркази журналистикаи экстермалии Маскав ширкат доранд.

Ин гурӯҳи нозирон сари ҳар чанд вақт роҷеъ ба вазъи васоити ахбори умум, ҳуқуқи журналистон, фишор ба онҳо гузориш омода ва нашр хоҳад кард. Аъзои ин гурӯҳ аслан дар Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Хоруғ фаъолият пеш мебаранд.

Аммо муаллифони ин лоиҳа Анҷумани расонаҳои мустақил ва Бунёди дифоъ аз ҳуқуқи журналистони Тоҷикистон бар ин боваранд, ки муваффақияти кори онҳо ба пуштибонии созмонҳои хориҷӣ ва ҳамкории ҳукуматҳои маҳаллӣ вобаста мебошад.

Оқои Каршибоев мегӯяд:"Мо мехоҳем, ҳар сари чанд вақт бо намояндагони сохторҳои давлатӣ мизи гирд баргузор кунем ва барои пешрафти расонаҳои хабарӣ якҷоя кӯшиш ба харҷ диҳем."

Ба ҳамин тартиб, нахустин нозирони маҳаллии ҳуқуқи журналист ва вазъи матбуот дар Тоҷикистон то чанд вақти дигар аввалин гузориши худро роҷеъ ба озодии баён ва рӯзноманигор нашр хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG