Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсири ҷанги Ироқ ба авзои Афғонистон



Раҳматкарими Давлат

Сафири Афғонистон дар Душанбе мегӯяд, он чӣ дар Ироқ идома дорад, ба фаъол шудани эктремистҳо дар ҷануби Афғонистон мусоидат мекунад.

Довуди Панҷшерӣ - сафири давлати интиқолии Афғонистон дар Душанбе зимни як нишасти хабарӣ гуфт, ҷанги Ироқ ба авзои дохилии Афғонистон таъсир гузоштааст.

Оғои Панҷшерӣ афзуд, умедвор аст кишварҳое, ки барои бозсозии Афғонистон аҳд супурдаанд, ба қавли худ содиқ хоҳанд монд ва қазияи Халиҷи Форс боиси коҳиши тавваҷӯҳи кишварҳои кумаккунанда ба Афғонистон нахоҳад шуд.

Оғои Панҷшерӣ мегӯяд:"Он чӣ дар Ироқ идома дорад, бидуни шаку тардид таъсироти манфиеро дар ҷиҳати актив шудани эктремистҳо, махсусан дар ҷануби Афғонистон фароҳам бисозад. Ташвиши мо махсусан аз ин ҷиҳат аст, ки талошҳои ҷомеаи байналмилалӣ ва гароишҳои ҳокими мавҷуд дар мубориза алайҳи терроризм ва бозсозии Афғонистон, ҳамчунон қувват дошта бошанд ва ин ритм коҳиш наёбад. Мо умедвор ҳастем, ки мушкили эҷодшуда дар минтақа, асароти бисёр қавие бар авзо ва гароишҳои Афғонистон эҷод накунад".

Дар айни ҳол сафири давлати интиқолии Афғонистон таъкид намуд, бархӯрд ва мухолифатҳои парокандае, ки дар гӯшаҳои мухталифи Афғонистон сурат мегиранд, наметавонанд авзои умумиро дар ин кишвар ба ҳам бизананд ва масири сулҳро халалдор намоянд.

Дар ҳамин ҳол бино ба гузоришҳои мавҷуда, тайи чанд рӯзи ахир гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистон бо Афғонистон барои интиқоли маводи башардӯстона баста будааст. Аз ҷумла, гуфта мешавад, дар гузаргоҳи Ишкошими Бадахшон як рӯзи пеш аз интиқоли чунин маводе аз ҷониби марзбонони Русия ҷилавгирӣ шудааст.

Аммо сафири давлати Афғонистон дар Душанбе мегӯяд, умед дорад ин мушкил ба зудтарин фурсат роҳи ҳалли худро пайдо намояд ва убуру мурури афрод ва интиқоли моли мавриди ниёзи мардум таъмин шавад.

Оғои Панҷшерӣ гуфт:"Мулоҳизоти хурду кӯчаке дар мавриди масоили марзӣ дар робита ба посбонҳо вуҷуд дошт, ки барои ду рӯз марзро барои тоҷирон ва интиқоли моли маъдуд масдуд кард. Аммо дар робита ба амри интиқоли амволи кӯмакии башарӣ ҳеҷ гуна иттилои расмие дар миён нест. Аммо тассавур мекунам, ки дар ин арса шояд бо сиёсати шитобзада Федератсиони Русия амал накунад, то ҷое ки мо аз савобиқи сиёсии Русия иттилоъ дорем".

Довуди Панҷшерӣ ҳамчунин изофа намуд, Афғонистон ҳаҷми лозими кӯмакҳои молии дар конфронси Токио ваъдашударо дарёфт накардааст ва ин маблағ дар сурати дастрас шудан низ, барои бозсозии Афғонистон ва хусусан ҷилавгири комил аз маводи мухаддир кофӣ нест.

XS
SM
MD
LG