Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмонов аз Лаҳистон боздид мекунад



Тоҳири Сафар



Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аз ҷумҳурии Лаҳистон боздиди расмӣ мекунад. Бинобар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, якуми апрел барои баррасии барномаи сафари президент Раҳмонов, як ҳайати ҳукумати Полша зери раҳбарии Кожемеж Бан мансабдори баландпояи вазорати молияи Лаҳистон ба Душанбе меояд.

Хабаргузории Азия Плюс бо такя ба иттиллои вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон навиштааст, ҳайати лаҳистонӣ бо Эркин Раҳматуллоев мушовири аршади раисҷумҳури Тоҷикистон ва мақомоти вазорати молия мулоқот мекунад.

XS
SM
MD
LG