Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

САҲА таъсиси созмони адвокатҳоро муҳим хонд



Тоҳири Сафар



Марк Жилбер - раҳбари маркази Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз таъсиси Ассосиатсияи мустақили адвокатҳои Тоҷикистон истиқбол кард. Вай рӯзи душанбе, 31 март ба хабаргузории Азия Плюс гуфт, таъсиси Иттиҳодияи мустақили адвокатҳо қадами муҳиме дар ростои таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва низоми додгоҳӣ дар Тоҷикистон аст.

Ба андешаи дипломати аврупоӣ иттиҳодияи навтаъсис бояд ҷойгоҳи ҳуқуқшиносони тоҷикро дар ҷомеа боло бурда, барои ширкати онҳоро дар ҷараёни қонунгузорӣ дар кишвар замина мегузорад.

Нахустини Ассосиатсияи адвокатҳои Тоҷикистон бо мусоидати Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва Бунёди Сорос 29 март таъсис ёфт.

Гузориши муфассал дар гӯшаи Гузоришҳо

XS
SM
MD
LG