Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Кофарниҳон 16 донишомӯз боздошт шуд



Тоҳири Сафар



Маъмурони интизомии Тоҷикистон 16 таълимгирандагони як мактаби миёнаи ноҳияи Кофарниҳонро ҳангоми паҳн кардани варақаҳои тарғиботии созмони мамнӯъшудаи "Ҳизб-ут-таҳрир" боздошт карданд.

Хабаргузории Франс Пресс иттилоъ дод, 8 писар ва 8 духтари сину соли мухталиф дар ин ноҳия боздошт шуданд. Намояндаи вазорати дохилаи Тоҷикистон ба Франс Пресс гуфтааст, кормандони интизомӣ ба ҷустуҷӯи шахсе, пардохтаанд, ки варақаҳоро миёни шогирдони мактаб тақсим кардааст.

Ҳизб-ут-таҳрир яке аз ҳаракатҳои тундрави ислом аст, ки ҳадафи ташкили Хилофат дар Осиёи Марказиро дорад. Тибқи омори расмӣ то кунун дар Тоҷикистон ҳудуди 160 аъзои ин ҳизб ба зиндон андохта шудаанд.

XS
SM
MD
LG