Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳофизати фурудгоҳи ҳавоии Душанбе тақвият ёфтааст



Тоҳири Сафар



Дар пайи оғози амалиёти низомии Амрико дар Ироқ муҳофизати фурудгоҳи ҳавоии пойтахти Тоҷикистон тақвият дода шудааст. Дар ин фурудгоҳ неруҳои ҳавоиии Иёлоти Муттаҳида ва Фаронса ҷойгир мебошанд.

Хабаргузории Итар Тасс аз қавли намояндаи ширкати ҳавоии "Тоҷикистон" навиштааст, тадобири иловагии амниятӣ ба хотири тақвияти муҳофизати ҳавопаймоҳо, сарбозони Эътилофи байналмилалии зиддитерористӣ ва иншооти стратегии фурудгоҳ андешида шудаанд.

Феълан дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе ҳудуди 200 сарбози неруҳои Эътилофи зиддитерористӣ мустақар шудаанд ва дар пеш бурдани амалиёти зиддитерористӣ дар Афғонистон ба қувваҳои ин эътилоф кумак мерасонанд.

XS
SM
MD
LG