Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон 22 июн раъйпурсӣ баргузор мешавад



Раҳматкарими Давлат



Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон 22 июнро рузи баргузории назарпурсии умумӣ ё референдум роҷеъ ба ислоҳоти Қонуни Асосии кишвар таъйин кардааст. Комиссияи ҳамоҳангсози ислоҳоти Қонуни Асосӣ зарфи камтар аз як моҳ пешниҳодоти роҷеъ ба ислоҳоти Сарқонунро мавриди омузиш ва таҳқиқ қарор дода, рузи 19 март хулосаи кори худро ба барасии Маҷлиси Намояндагон ироа намуд.

Умдатарин бахши ислоҳоти Қонуни Асосӣ ба мӯҳлати раёсати ҷумҳурӣ марбут аст. Дар қонуни ҷории Тоҷикистон омадааст, як нафар метавонад барои ҳафт сол ва як маротиба ба мақоми раисҷумҳур интихоб шавад.

Дар сурати пазируфта шудани таҳрири нави Қонуни Асосӣ акнун як нафар иҷоза пайдо мекунад, ду маротиба ва ҳафтсолӣ раиси ҷумҳури Тоҷикистон бошад. Аҳзоби сиёсии Тоҷикистон мегӯянд, Эмомалӣ Раҳмонов, ки тибқи қонуни ҷорӣ ҳаққи дубора интихоб шудан ба раёсати ҷумҳуриро надорад, ислоҳоти Қонуни Асосиро барои пайдо намудани иҷозаи ширкат дар даври дигари интихоботи раисҷумҳур амалӣ месозад.

Матни пурраи хабар дар гушаи Гузоришҳо

XS
SM
MD
LG