Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти навбатии вазирони хориҷаи ИДМ дар Душанбе барпо мешавад



Мирзои Салимпур



Нишасти навбатии вазирони умури хориҷаи Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ (ИДМ) дар таърихи 11-уми апрел дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Раиси кумитаи иҷроияи ИДМ Юрий Яров ба хотири омузиши мизони омодагии пойтахти Тоҷикистон барои баргузории ин маърака ба Душанбе сафар мекунад.

Ба навиштаи ИТАР-ТАСС, дар ҷараёни ин сафар оқои Яров бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов, бо сарвазир Оқил Оқилов ва бо вазири хориҷа Талбак Назаров дидор ва мулоқот хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG