Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони Салиби Сурх барои татбиқи барномаҳояш дар Тоҷикистон хостори 6 миллион доллар шуд



Раҳматкарими Давлат

Раҳбари ин созмон дар шаҳри Душанбе гуфт, ин маблағ барои қишрҳои фақири аҳолии Тоҷикистон масраф хоҳад шуд.

Дабири кулли Федератисюни Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар мегӯяд, ин созмон аз кишварҳои кумакрасон тақозо намудааст, ки дар соли 2003 барои иҷрои барномаҳои кумак ба қишри ниёзманди ҷомеаи Тоҷикистон аз тариқи ин созмон 6 миллиюн доллар ихтисос диҳанд.

Дидйе Шерпител - дабири кулли Федератсиюни Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, ки зимни як сафари расмӣ дар Тоҷикистон ба сар мебарад, баъд аз мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, барномаи кумаки Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари байналмилалӣ дар ин кишвар як миллиону ҳаштсад ҳазор нафарро таҳти пушиш қарор додааст.

Дидйе Шерпител гуфт, бо Эмомалӣ Раҳмонов масъалаи идомаи ҳамкории созмонаш бо Тоҷикистон ва иҷрои барномаҳои муштаракро барои соли 2003-юм мавриди гуфтугу қарор додааст.

Ҷаноби Шерпител мегӯяд:"Созмони мо беш аз 8 сол аст, ки бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад. Ва дар ин муддат барномаҳои зиёди мусоидат дар заминаи беҳдоштӣ ва рафъи оқибатҳои хушксолӣ ва ҳодисҳои фавқуллода амалӣ шудаст. Яке аз барномаҳои вижаи Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар соли ҷорӣ дар Тоҷикистон мусоидат ба барномаи таъмини аҳолӣ ба оби ошомидании пок ва кумак ба системаи муасисоти беҳдоштӣ дар маҳаллаҷот мебошад."

Дар айни ҳол Зафар Саидов - сухангӯи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмонуф аз Федератсиюни Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар даъват намудааст, ки дар амалисозии бархе дигар аз барномаҳои ҳукумати ин кишвар аз ҷумла коҳиши мизони фақр низ мусоидат намояд.

Зафар Саидов мегуяд:"Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон ба сардабири Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх пешниҳод кард, то ки ин сохтор дар татбиқи амалии санади Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон, Барномаи миллии паст кардани таваккалу хатари офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқуллода ва рафти оҷилии оқибатҳои он ва ҳамчунин дар тадорук ва баргузорсозии конфронси байналмилалии бахшида ба соли "Оби тоза" дар моҳи август дар Душанбе ширкат намояд".

Дар мулоқотҳои дабири кулли Федератсиюни Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар бо мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин масъалаи густариши ҳамкориҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо созмони Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари Байналмилал ва иҷрои барномаҳои муштараки ин созмонҳо дар Тоҷикистон баррасӣ гардидааст.

Федератсиюни Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар барои иҷрои барномаҳои имдодии худ ба аҳолии Тоҷикистон, ба гуфтаи раиси ин созмон зарфи 6 соли охир 30 милион франки шведсария масраф кардааст.



XS
SM
MD
LG