Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси Федератсияи Салиби Сурх вазъи Тоҷикистонро меомузад



Мирзои Салимпур



Дидйе Шерпител, дабири кулли Федератсияи Салиби Сурхи Байнулмилалӣ барои як сафари дуруза ба Тоҷикистон омад. Қарор аст, у бо мақомоти Душанбе масъалаи расонидани ёриҳои байнулмилалӣ дар мавриди бозсохти баъдиҷангии ин кишварро баррасӣ кунад.

Сафари оқои Шепител ба Тоҷикистон пеш аз ҳама ҳадафи шиносоӣ бо вазъи воқеъиро дошта, дар пай раиси Федератсияи Салиби Сурх назариёти худ роҷеъ ба риштаҳои муҳтоҷи кумак дар Тоҷикистонро пешниҳоди ҷонибҳои ёрирасон хоҳад кард.

Бино бар гузориши хабаргузории ИТАР-ТАСС, феълан беш аз 2 милён нафар аз аҳолии Тоҷикистон тавассути Федератсияи Байнулмилалии Салиби Сурх кумак мегиранд ва Тоҷикистон бузургтарин кишвари кумакгиранда аз ин созмон дар тамоми қораи Осиё маҳсуб мешавад.

XS
SM
MD
LG