Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Истаравшан 3 нафар бо 56 кило ҳероин дастгир шудаанд



Мирзои Салимпур



Маъмурони вазорати умури дохилаи Тоҷикистон шоми панҷшанбе ба ҷумъа дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд 3 нафари мазнун дар қочоқи маводи мухаддирро бо 56 кило ҳероин дастгир кардаанд.

Тоҳир Норматов, раиси идораи умуру ҳуқуқи вазорати мазкур ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфт, онҳо дар маҷмуъ дар давоми як амалиёти хосе, ки аз 19-уми феврал ба ин тараф дар шимоли Тоҷикистон пиёда мешавад, 10 нафарро бо айни чунин иттиҳом боздошт карда, аз онҳо 567 кило ҳероин гирифтаанд.

Тоҳир Норматов мегуяд, ин амалиёти вижа ба сохторҳои наркомафия, ки дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон реша давондааст, шадидан зарба задааст.

XS
SM
MD
LG