Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон равобиташ бо Украинаву Русия дар соҳаи саноатро густариш медиҳад



Сафаргули Олимӣ

Ин мавзуъ дар ҷараёни сафари ҳайъатҳои саноатии он ду кишвар ба Тоҷикистон баррасӣ шудааст.

Як ҳайъати баландмақом аз вазорати илму саноати Русия, ки феълан дар Тоҷикистон ба сар мебарад, барои сохтмони як корхонаи металлургӣ дар Тоҷикистон ва сармоягузории бештар дар соҳаи саноати ин кишвар мувофиқат кардааст. Ҳамчунин, онҳо мехоҳанд, дар истихроҷи бештари маъданҳо ба ҳамтоёни тоҷики худ кумак расонанд. Ҳамин масъала мавзуи аслии мулоқоти вазири саноати Тоҷикистон Зайд Саидов бо ҳамтои русаш Владимир Лукавин дар шаҳри Душанбе буд.

Зайд Саидов дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар мавриди тавсиа ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши саноат дар байни Русияву Тоҷикистон чанд созишнома ба имзо расидааст. Вай афзуд:

"Аз ҷониби ширкати "Зарубежсветмет"-и Федератсияи Русия ТЭО ва ё худ асноди фанниву иқтисодии истихроҷу коркарди маъдани кони Адрасмон таҳия шудааст. Тибқи он аз истихроҷу коркард то ба маҳсулоти ниҳоии саноатӣ расонидани давраи тавлидотии корхона, яъне сохтани як корхонаи комили металлургӣ дар заминаи ин кон дар назар дошта шудааст."

Дар ҳамин ҳол, як ҳайати дигари идороти саноатии Украина сафари худ ба Тоҷикистонро анҷом доданд. Оқои Саидов мегуяд, дар ҷараёни сафари онҳо роҷеъ ба густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Украина дар риштаҳои гуногуни саноат қарордодҳое ба имзо расиданд ва ин аснод имкон медиҳад, Тоҷикистон барои фаъол сохтани корхонаҳои саноатиаш аз манобеъ ва имконоти саноатии Украина истифода кунад. Зайд Саидов гуфт:

"Дар байни ҷамъияти саҳҳомии "Ҳумо" ва корхонаи тракторсозии Харкови Украина дар ҷиҳати тавлиди маҳсулот аз алюминиуми аввалия ва фиристодани онҳо ба Харкову дар иваз овардани қисмҳои эҳтиётӣ ва мошинолот барои риштаи кишоварзии Тоҷикистон тавофуқ шудааст. Додугирифти мо аз ин шуруъ мешавад ва дар назар аст, ки мо бо омузиши бозори дохилии Тоҷикистон ҷамъу басти механизмҳо ва тракторҳои украиниро дар Тоҷикистон ба роҳ гузорем."

Қарор аст, роҳҳои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Украаина дар риштаҳои гуногун дар ҷараёни нахустин сафари расмии президенти Украина Леонид Кучма ба Тоҷикистон дар моҳи апрели соли равон баррасӣ шавад.

XS
SM
MD
LG