Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ҳайъати СММ вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро меомузад



Сафаргули Олимӣ



Як ҳайъати Созмони Милали Муттаҳид тахти сарварии Бертран Рамчаран, муовини раиси Комиссариати Созмони Милал дар умури ҳуқуқи башар баъд аз зухри сеюми март вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуд ва бо мақомоти ин кишвар чанд дидор ва мулоқот анҷом дод.

Гуфта мешавад, ҳадаф аз сафари ҳайъати СММ ошноӣ бо ҷараёни иҷрои уҳдадориҳои Тоҷикистон дар масоили ҳуқуқи байнулмилалӣ ва чигунагии мизони риояти ҳуқуқи башар дар ин кишвар мебошад.

Муҳибулло Зубайдуллоев, масъули дафтари матбуоти намояндагии Созмони Милал дар Тоҷикистон гуфт, сафари ҳайъати мазкур ду руз идома меёбад. Вай афзуд, ин ҳайъат то ҳол бо Сафаралӣ Раҷабов, вазири маориф ва Халифабобо Ҳомидов, вазири адлияи Тоҷикистон мулоқот анҷом додааст.

Вай ҳамчунин афзуд:"Ин ҳайъат аз комиссариати Созмони Милал дар умури ҳуқуқи башар аст ва онҳо танҳо барои шиносоӣ бо вазъи ҳуқуқи башар ва иҷроиши созишномаҳое омадаанд, ки аз ҷониби Тоҷикистон эътироф ва қабул карда шудааст. Ва ҳамчунин барои шиносоӣ ва мулоқот бо он мақомоти давлатӣ, ки мутасаддии амалӣ кардани ин созишномаҳо ҳастанд."

Қарор аст, дар ҷараёни дидораш аз Душанбе, Бертран Рамчаран, роҳбари ҳайъати Созмони Милал, бо Саидамир Зухуров, муовини сарвазир ва раиси комиссияи ҳуқуқи инсони дастгоҳи раиси ҷумҳур ва бо Бобоҷон Бобохонов, додситони кулли Тоҷикистон мулоқот кунад.

XS
SM
MD
LG