Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Чин ба аломатгузории марз мепардозанд



Тоҳири Сафар



Намояндагони ҳукумати Тоҷикистон, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Русия рузи 3 март барои омодагӣ ба аломатгузории марзи Тоҷикистону Чин дар шаҳри Пекин ташкили ҷаласа карданд.

Хабаргузории Интерфакси Русия иттилоъ дод, ки ин ҷаласа бар асоси созиши қаблии Тоҷикистону Чин сурат гирифтааст. Ин ду кишвар ҳануз соли гузашта созишномае имзо карда буданд, ки тибқи он Тоҷикистон ҳудуди ҳазор километри квадтарии хоки худро дар ихтиёри Чин вогузор намуд.

Ба навиштаи Интерфакс, дар ҷаласаи Пекин мувофиқ кардани хати сарҳади ду кишвар аз руи харитаҳои марзӣ баррасӣ шуд.

XS
SM
MD
LG