Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиёни Фаронса афсарони тоҷикро омузиш медиҳанд



Тоҳири Сафар



Гурӯҳи 30 нафарии донишҷӯёни Донишгоҳи низомии Тоҷикистон барои таҳкими таҷрибаи ҳунари ҷанг дар шароити кӯҳсор ба Фаронса рафт. Ин афсарони тоҷик дар пойгоҳи низомии вазорати дифоъи Фаронса дар шаҳри Барселона ҳамроҳ бо сарбозони фаронсавӣ омузиш хоҳанд дид.

Бинобар иттилои Заробиддин Сироҷев, сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон дар масъалаи омузиши афсарони тоҷик дар Фаронса ҳангоми вазирони дифоъи ду кишвар созиш ҳосил шуда буд. Ба гуфтаи вай тамоми харҷи роҳ ва таъмини сарбозони тоҷикро дар Фаронса ҷониби мизбон бар ӯҳда гирифтааст.

XS
SM
MD
LG