Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ҳукми қатл барои занонро бекор мекунад



Сафаргул Олимӣ



Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов фармон додааст, бо ислоҳи Кодекси ҷиноӣ ҳукми қатли занон дар кишвар бекор шавад.

Раҳматулло Зоиров - мушовири раисҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ дар иртибот ба ин мавзӯъ ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфт:"Мо ба Кодекси ҷиноӣ ду банди нав илова кардем, ки мувофиқи он татбиқи ҳукми қатл дар нисбати занон мумкин нест. Ин пешниҳоди мо аз тарафи як идда аз вакилони мардумӣ дар парлумон дастгирӣ ёфт ва тарҳи вориди ислоҳ ба Кодекси ҷиноӣ барои тасдиқ ба парлумон пешниҳод хоҳад шуд."

Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои 15 навъи ҷиноят ҳукми қатлро муқарар кардааст, ки ба гуфтаи Раҳматулло Зоиров интизор меравад онҳо низ ислоҳ шаванд. То имрӯз дар Тоҷикистон 2 зан маҳкум ба қатл ва ҳукми яке аз онҳо иҷро шудааст. Бо тақозои созмонҳои ҳуқуқи башар иҷрои ҳукми зани дуввум бо дастури ҳукумати Тоҷикистон боздошта шудааст.

XS
SM
MD
LG