Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ноҳияи Айнии Тоҷикистон 345 кило ҳероин кашфу забт шуд



Раҳматкарими Давлат



Неруҳои вазорати умури дохилаи Тоҷикистон зимни баргузории як амалиёт шаби 19-уми феврал, 345 кило ҳероинро аз як гурӯҳи муташшакили қочоқбар кашф ва забт карданд.

Тоҳир Нурматов - сардори раёсати нозироти вазорати умури дохилаи ин кишвар, зимни эъломи ин хабар гуфт, ба чунин миқдор кашф шудани маводи мухаддир хусусан ҳероин дар кори вазорати дохила собиқа надоштааст.

Генерал Нурматов афзуд:"Гурӯҳи қочоқбар, ки яке аз дастаҳои муташшакили ҷиноӣ мебошад, шаби гузашта дар натиҷаи амалиёти ҷустуҷӯии вазорати дохила дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд боздошт шуд. Аз ин гуруҳ 345 кило ҳероин мусодира гардид, ки мувофиқи ҳисобҳои қаблӣ, ин миқдор ҳероин ҳудуди 10 миллион доллар арзиш дорад. Ин нахустин мавриди кашф ва забти маводи ҳероин ба ин миқдор аз ҷониби кормандони вазорати дохила мебошад."

Генерал Нурматов ба суолоти боисрори хабарнигорон дар бораи шахсияти аъзои гурӯҳ ва теъдоди боздоштшудагон посух надод. Ӯ гуфт, аъзои боқимондаи гурӯҳ таҳти пайгарди қонунӣ доранд ва ба хотири ворид нашудани халал дар ҷараёни идомаи амалиёт, номи аъзои боздоштшудаи гурӯҳро ошкор нахоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол Нуралишоҳ Назаров, фармондеҳи ситоди нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегуяд, мизони қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон дар имсол афзоиш хоҳад дошт. Ба гуфтаи ӯ имсол ҳосили рекордии маводи мухаддир дар Афғонистон ҷамъоварӣ мешавад ва қочоқбарон талош хоҳанд, тарёку ҳероинро ба Тоҷикистон ва сипас ба кишварҳои дигар интиқол диҳанд.

Ба гуфтаи мақомоти интизомии Тоҷикистон, дар соли равон низ мубориза бо қочоқи маводи мухаддир аз авлавиятҳои кори ниҳодҳои интизомӣ боқӣ хоҳад монд. Дар ҳамин ҳол Оҷонсии назорат ба гардиши маводи мухаддир дар Тоҷикистон низ аз боздошти 30 килограмм ҳероин дар посгоҳи марзии Пахтаобод, дар марзи Тоҷикистон ва Узбакистон хабар додааст.

XS
SM
MD
LG