Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз Узбакистон ҳудуди 700 миллион метри мукааб газ мехарад



Тоҳири Сафар



Тоҷикистон дар давоми соли равон аз Узбакистон ҳудуди 400 миллион метри мукааб гази табиӣ харидорӣ мекунад. Дар ин маврид ҳангоми ҷаласаи кории ҳукуматҳои Тоҷикистону Узбакистон дар шаҳри Тошканд мувофиқа ҳосил шудааст.

Маҳмадрузӣ Искандаров - раиси ширкати давлатии "Тоҷикгаз", ба хабаргузории Азия Плюс гуфт, қарордоди марбута 25-уми феврал дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон имзо мешавад. Ба гуфтаи вай дар ин ҷаласа ҳамчунин масъалаи судури 255 миллион метри мукааб гази иловагӣ ба Тоҷикистон баррасӣ мешавад.

Тоҷикистон кишвари ниёзманд ба гази табиӣ, ин навъи сӯзишвориро аслан аз Узбакистон мегирад ва қатъи интиқоли газ аз ин кишвар ҳар сол, мушкилоти фаровоне дар иқтисоди Тоҷикистон ба вуҷуд меорад.

XS
SM
MD
LG