Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуруҳҳои кории Тошканду Душанбе ташкили ҷаласа мекунанд



Мирзои Салимпур





Гуруҳҳои кории комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратии Тоҷикистону Узбакистон шуруъ аз рузи 5-уми феврал барои се руз дар шаҳри Тошканд ба баррасии масоили марбут ба соҳоти роҳи оҳану тақсими об ва содироту воридоти газу нируи барқ дар байни ин ду кишвар мепардозанд.

Ҳайъати Тоҷикистонро вазири энержии ин кишвар Абдуллоҳ Ёров раҳбарӣ мекунад. Ҳамчунин ба намояндагӣ аз ҳукумати Тоҷикистон вазири об Абдуқоҳир Нозиров, раиси ширкати давлатии газ Муҳаммадрузӣ Искандаров, раиси ширкати "Нафтрасон" Назмиддин Мирзоев ва намояндагони баландпоя аз ширкати роҳи оҳан ва вазорати саноати Тоҷикистон озими Тошканд шудаанд.

Муҳаммадрузӣ Искандаров ба хабаргузории "Азия Плюс" гуфтааст, ки як мавзуъи асосӣ дар мулоқоти Тошканд масъалаи қарзҳои ширкати гази Тоҷикистон аз корхонаи "Узтрансгаз" буда, ҷонибҳо масъалаи идомаи воридоти гази Узбакистон ба Тоҷикистонро низ матраҳ хоҳанд кард.





XS
SM
MD
LG