Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин дидору гуфтугуҳои вазири хориҷаи Ҳинд дар шаҳри Душанбе



Раҳматкарими Давлат

Рузи чаҳоршанбе Яшвант Сингҳ бо сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ва бо вазири дифоъ Шералӣ Хайруллоев мулоқот кардааст.

Вазири умури хориҷаи Ҳинд Яшвант Сингҳ, ки зимни як сафари расмӣ дар Душанбе ба сар мебарад, рузи чоршанбе, 29 январ, бо сарвазири Тоҷикистон, Оқил Оқилов ва вазири дифоъи ин кишвар Шералӣ Хайруллоев, мулоқот анҷом дод. Зимни ин музокирот, ҷонибҳо масоили вобаста ба муносиботи ду кишвар ва авзои амниятии минтақаро баррасӣ намуданд.

Заробиддин Сироҷев - сухангуи вазорати дифоъи Тоҷикистон гуфт, зимни мулоқоти вазири дифоъи Тоҷикистон бо вазири умури хориҷаи Ҳинд, ҷараёни иҷрои тавофуқот ва қарордодҳои қаблан ба имзо расида миёни ду кишвар, дар заминаи ҳамкории низомӣ ва низомӣ-техникӣ баррасӣ гардид. Дар ин мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин роҷеъ ба авзои Афғонистон ва идомаи амалиёти зиддитерористӣ дар ин кишвар табодули назар карданд.

Заробиддини Сироҷев гуфт:"Дар рафти ин мулоқот масоили вобаста ба ҳамкориҳои ҳарбӣ дар самти иҷроиши он мувофиқаву қарордодҳое, ки байни вазоратҳои дифоъи Тоҷикистону Ҳиндустон қаблан ба имзо расида буданд, баррасӣ шуданд ва вазъи кунунии минтақаи Осиёи Марказӣ ва Давлати Исломии Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифт ва ҳар ду ҷониб дар мавриди он ки вазъи имрузаи Давлати Исломии Афғонистон дар натиҷаи амалиётҳои байналмилалии зиддитерористӣ хеле беҳтар гаштааст, назари яксон доштанд. Вале ҳамчунин қайд намуданд, ки барои эътидоли пурраи вазъи Афғонистон ва ба ҳаёти осоишта баргардонидани мардуми ин кишвар, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва пеш аз ҳама кишварҳои ҳамсояи он, ҳанӯз корҳои зиёдеро талаб мекунад."

Ба гуфтаи сухангуи вазорати дифоъи Тоҷикистон, ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи низомӣ, дар самти табодули ахбор, мубориза бо тероризм ва омузиш додани сарбозони Тоҷкистон аз ҷониби мутахассисони Ҳинд, ҷараён дорад. Ҳамчунин дар соли гузашта вазорати дифоъи Ҳиндустон дар ихтиёри артиши Тоҷикистон ду чархболи низомӣ қарор дод ва дар ҳоли ҳозир дар ду донишкадаи низомии Тоҷикистон мутахассисони Ҳинд, ба тадриси донишандузон машғул мебошанд.

Ҳамчунин рузи 29 январ, дар шаҳри Душанбе Маркази Фарҳангии Ҳиндустон бо ширкати вазири умури хориҷаи ин кишвар Яшвант Сингҳ ифтитоҳ гардид.



XS
SM
MD
LG