Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор гумонбар дар ҷиноятҳо аз боздоштгоҳи Восеъ фирор карданд



Тоҳири Сафар





Чаҳор гумонбар дар ғорат ва дуздии амволи мардум аз боздоштгоҳи идораи умури дохилаи ноҳияи Восеъ, воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон фирор карданд. Бинобар иттилои хабаргузории "Азия Плюс" ин чаҳор гумонбар, корманди милисаро, ки онҳоро барои гашти муваққат аз боздоштгоҳ берун оварда буд, латукуб намуда, ғайб задаанд.

Маъмури интизомии маҷруҳ, майори милиса, барои табобат ба бемористон фиристода шуда, кормандони милиса ба ҷустуҷуи фирориён пардохтаанд.



XS
SM
MD
LG