Нурмуҳаммади ХолзодаДар Тоҷикистон ин масъала хориҷ аз қонунҳои мавҷуда дониста мешавад, вале он дар шакли то андозае шаръӣ ё ба истилоҳ "анъанавӣ" вуҷуд дорад.
Созмони байналмиллалии мубориза бар зидди порнография ва робитаи ҷинсии ноболиғон дар гузориши худ навиштааст, ки дар баъзе аз кишварҳои ҷаҳон робитаҳои ғайриқонунии ҷинсии ноболиғон вуҷуд дорад ва он ба як ҷиноят табдил шудааст. Дар гузориш омадааст, ки муттаасифона, дар ин кишварҳо чунин робитаҳои ҷинсӣ пинҳон дошта мешавад ва он гоҳо ба фаҳши ба истилоҳ кудакон ё ноболиғон табдил меёбад.
Дар ин гузориш умдатан аз кишварҳои Ховари Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ ном бурда мешавад. Аз ҷумла, дар Эрон мардон бо духтарони ноболиғ издивоҷ ва бо онҳо робитаи ҷинсӣ оғоз мекунанд ва қонуни ин кишвар издивоҷ бо духтарони болотар аз синни 13 соларо иҷоза медиҳад. Дар Миср ноболиғонро бар асоси тавофуқоти тарафайн ҳатто барои як ҳафта ё бештар аз он ба никоҳи мардони сарватманд медароранд.
Дар гузориши созмони байналмилалии мубориза бар зидди порнография ва робитаҳои ҷинсии ноболиғон гуфта шудааст, ки дар кишварҳои Амрикои Лотинӣ ва дар баъзе аз кишварҳои шарқӣ духтарони ноболиғро чун хидматгор ба кор мегиранд, вале онҳоро барои баровардани хостхои шаҳвонии худ низ истифода мекунанд. Албатта, чунин равиш дар баъзе аз кишварҳо ба суннатҳои миллӣ табдил ёфтааст ва дар худи ин кишварҳо ба чунин мавориди нақзи ҳуқуқ бо назари оддӣ менигаранд ва онро падидаи маъмулӣ арзёбӣ мекунанд.
Вале дар Тоҷикистон чӣ тавр? Оё робитаи ҷинсии ноболиғон вуҷуд дорад? Бале вуҷуд дорад. Вале он дар шакли то андозае шаръӣ ё ба истилоҳ анъанавӣ, бо вуҷуди ин ки хориҷ аз муқаррароти қонунҳои мавҷудаи Тоҷикистон дониста мешавад. Гоҳо духтарони ноболиғро бо ақди никоҳи ба истилоҳ "мусулмонӣ" ба шавҳар медиҳанд ва онҳо дар ин синну сол фарзанд ба дунё меоранд. Қонунҳои байналмилалӣ чунин ҳолатро низ нақзи ҳуқуқи инсон мешуморанд. Дар Тоҷикистон оилаҳои ноболиғ танҳо дар ҳолати расидан ба синни 17 ё 18 дар идораҳои давлатии сабти номи ҳолати шаҳрвандон ё ЗАГС сабти ном мешаванд ва гоҳо зиндагии хонаводагии худ ва ё соҳиби фарзанд будани худро аз идораҳои давлатӣ пинҳон медоранд. Гулҷаҳон Бобосодиқова- раиси созмони занони дорои маълумоти Олии Тоҷикистон мегуяд, ки чунин истисноҳо набояд боиси ворид овардани тағирот дар Қонунҳои Тоҷикистон шавад:
"Дар бораи издивоҷи духтарон дар синни ноболиғӣ гап зиёд аст. Ман фикр мекунам, синну соле, ки дар Қонуни оилаи Тоҷикистон нишон дода шудааст, аз он кам шуданаш лозим нест. Имруз механизми иҷрои ин қонунҳоро бояд дастраси ҳама кунем." Ба назари Гулҷаҳон Бобосодиқова, шароити зист водор мекунад, ки ҷавонони ноболиғ барои кумак ба хонаводаҳои худ, ба издивоҷи барвақтӣ розӣ шаванд. Вай мегуяд, решаҳои иҷимоии ин падидаи ғайриқонунӣ бояд аз байн бурда шавад:
"Имруз шароити иҷтимоӣ баъзеҳоро маҷбур мекунад, ки пеш аз синну соли муайяншуда ба шавҳар бароянд. Ҳар яки онҳо бояд ҳуқуқи худашонро донанд. Лекин ман имруз бисёр афсус мехурам, ки мо дар бораи ҳуқуқи кудакон, ҳуқуқи духтарон бояд бештар кор барем, чунки онҳо аз ҳуқуқи худ бехабар ҳастанд."
Бобосодиқова меафзояд, бояд дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон марокизи кор бо ҷавонон ташкил шавад ва ҷавонон аз таҳсил дар канор намонанд. Ба ақидаи вай, шояд дар ин кор кумаки созмонҳои байналмилалӣ низ ба Тоҷикистон зарур аст. Танҳо дар ҳамон сурат аз падидаҳои ғайриқонунии робитаи ҷинсии ноболиғон метавон ҷилавгирӣ кард.