Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду хабарнигори "Садои Душанбе" аз кор ронда шуд



Мирзои Салимпур

Кумитаи давлатии родио ва телевизиони Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе, 25-уми декабр Сафаргул Олимова ва Мунира Оймамадова, ду хабарнигори шабакаи родиоии "Садои Душанбе"-ро бо далели нақзи муқаррароти қонуни матбуоти ин кишвар аз кор пеш кард.

Кумитаи давлатии родио ва телевизиони Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбе, 25-уми декабр Сафаргул Олимӣ ва Мунира Оймамадова, ду хабарнигори шабакаи радиоии "Садои Душанбе"-ро бо далели нақзи муқаррароти қонуни матбуоти ин кишвар аз кор пеш кард.

Дар фармони кумита гуфта нашудааст, ки Сафаргул Олимова ва Мунира Оймамадова кадом нукоти қонуни матбуоти Тоҷикистонро вайрон кардаанд.

Аммо манобеъи бохабар дар шаҳри Душанбе мегӯянд, сабаби аз кор ронда шудани хабарнигорони радиои "Садои Душанбе" пахши мусоҳибае бо як тан аз бошандагони пойтахти Тоҷикистон будааст. Вай зимни шикоят аз мушкилоти аҳолӣ дар фасли сармо аз мақомоти масъули шаҳрдорӣ суол карда буд, ки чаро амру фармонҳои марбутаи раисиҷумҳурро дуруст ва саривақт иҷро намекунанд.

Сафаргул Олимӣ то кунун мақоми сардабирии барномаҳои "Садои Душанбе"-ро бар уҳда дошт.

XS
SM
MD
LG