Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва Афғонистон дар заминаи омӯзиши сарбозони афғон дар Душанбе тавофуқ карданд



Тоҳири Сафар



Тоҷикистон ва Афғонистон дар заминаи омузиши афсарони афғон дар Тоҷикистон тавофуқ карданд. Бинобар иттилои Заробиддин Сироҷев сухангуи вазорати Тоҷикистон, ин созиш дар ҷараёни мулоқоти Шералӣ Хайруллоев вазири дифоъи Тоҷикистон ва Муҳаммад Довуд фармондеҳи неруҳои шимолу шарқи Афғонистон ба даст омадааст. Ба гуфтаи Заробиддин Сироҷев, ояндаи наздик 30 донишандузи афғон барои таҳсил дар Коллеҷи низомӣ, ба Тоҷикистон хоҳанд омад.

Тибқи хабари дигари вазорати дифоъ, Ҷумҳурии Мардумии Чин ахиран ба артиши Тоҷикистон кумаки навбатии техникии худро ирсол кардааст. Чаҳор мошини ёрии таъҷилӣ ва таҷҳизот барои бемористонҳои низомии Тоҷикистон таввасути ҳавопаймо ба Душанбе оварда шудааст.



XS
SM
MD
LG