Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳофизати марзи Тоҷикистону Чин ба ихтиёри марзбонони тоҷик мегузарад



Соҷидаи Мирзо





Раиси кумитаи марзбонии Тоҷикистон генерал Абдураҳмон Азимов хабар дод, ки рузҳои наздик назорати марзи миёни Тоҷикистон бо Чин пурра ба ихтиёри сарҳадбонҳои тоҷик мегузарад. Ба гуфтаи у анҷоми зудраси ин раванд ба боду ҳаво бастагӣ дорад. Абдураҳмон Азимов афзуд ин маърака бояд дар ҳузури намояндагони ҷомеа сурат бигирад, аз ин ру ҳавои мусоидро бояд интизор шуд. Ҷаноби Азимов мегуяд, марзбонҳои рус таҷҳизоту васоили техникии худро ба қисматҳои сарҳадии Хоруғу Ишкошим интиқол доданд. 10 посгоҳи марзӣ дар сарҳади Мурғоб ба дасти сарҳадбонони тоҷик мегузарад, ки бояд васоили худро дошта бошанд. Мушкилоти аслии онҳо дар ин минтақаи сард таъминоти саривақтии маводи сухт аст, ки дар як руз 10 тонна масраф мешавад.



XS
SM
MD
LG